Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 28 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи «Ҳафтаи ҳизб» дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги «Суғдиён»- и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши сиёсӣ - фарҳангиро таҳти унвони «Нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини зиндагии шоистаи мардум» баргузор намуд.

Дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси вилояти Суѓд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, кормандони сохторҳои ҳизбии вилояту шаҳр, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, инчунин аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.                      

Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ифтитоҳ намуда, аъзоён ва ҷонибдорони ҳизбро ба муносибати 28 - солагии  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шодбош гуфта,  қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа  28 – сол қабл санаи 10 декабр бо талош ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, то имрӯз рисолати худро   дар  беҳбудии зиндагии сокинони кишвар мебинад. Ин ташкилоти муқтадир дар фазои сиёсии кишвар собитқадамона фаъолият дошта, чун ҳизби мардумӣ ва ормонӣ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври арзанда муаррифӣ намояд. Таҷлили ин рӯйдоди бузург масъулияти мо – фаъолони ҳизбро дар роҳи таҳкими соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ боз ҳам бештар менамояд. Итминони комил дорем, ки халқи шарифи Хуҷандшаҳри бостонӣ, хоса ҳизбиён минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ ҷиҳати пешрафт ва шукуфоии меҳани азиз саъю талош меварзанд.                                                                

Сипас,  муовини Раиси вилоят Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ҳизбиёнро бо ин Рӯзи таърихӣ аз номи Раиси вилояти Суѓд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода муборакбод намуда, изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ворид гардидан ба фазои сиёсии кишвар дар рушди низоми қонунгузории кишвар, таҳкими рукнҳои давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи сулҳу субот саҳми назаррас дошта, фаъолияти худро дар доираи сиёсати созанда ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардуми кишвар вусъат дода истодааст.    

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳозиринро табрик намуда, зикр дошт, ки омили зуд маҳбубият пайдо намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа маҳз бо мардум сарукор гирифтану аз розу ниёзи онҳо огоҳ будан аст. Ин ниҳоди созанда ҷомеаи моро ба маҷрои дуруст ҳидоят намуда, ба сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ расонд ва инчунин таҳти роҳбарии он ҷомеа ба марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ворид шуд. Хеле хушоянд аст, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз мавсимӣ набуда, туфайли сафарбарии фаъолонаи аъзоёнаш ҳама самтҳои ҳаёти мардумро фаро мегирад ва ҳамеша фаъол аст.

Дар баромади худ Раиси шаҳр қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд яке аз ташкилотҳои муқтадир буда, дар сафҳои он зиёда аз 20 ҳазор аъзо дар 5 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 251 ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Ин қувваи бузург, ки сиёсати давлатии кишварро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ муаррифӣ мекунад, дар ҳама чорабиниҳои шаҳр фаъоланд. Махсусан, аёдати собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву барҷомонда, ятимону бесаробмондагон дар якҷоягӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳамчунин ҳамагуна ҷашну маросимҳо дар ҳамбастагӣ доир карда мешавад. Мақомоти иҷроия  дар ташвиқу тарғиби ҳадафҳои стратегӣ такя ба аъзоёни ҳизб мекунад. Зеро 744 нафар аъзоёни ҳизб соҳиби унвони илмӣ буда, 87 нафарро докторону профессорон, 657 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ дар вазъияти тантанвӣ ба фаъолони ҳизб  Медали ҷашнӣ, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи вилоятӣ ва  шаҳрии ҲХДТ, инчунин ба 10 нафар аъзои навқабулшуда шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Чорабинии мазкур бо баргузории барномаи консертӣ, ки аз ҷониби бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омода гардида буд, хотима ёфт.