Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳар моҳ дар ташкилотҳои ибтидоӣ Рӯзи хониши сиёсӣ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз гузаронида мешавад.

Ин навбат Рӯзи ахбори сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Солимгардонӣ”  (Маркази солимгардонии шараёни дил) дар мавзӯи “Терроризм хатарест ба аҳли башар” гузаронида шуд. Таъкид гардид, ки барои пешгирии роҳи ҳаргуна рафторҳои номатлуб  падару модар, гирду атроф ва ҷамъият бетараф набошанд ва фарзанди худро ба роҳи дуруст тарбия намуда, баҳри соҳибмаълумот гардидани эшон назорати ҷиддӣ зарур аст. Ҷавононро ба роҳи  Ватандӯстиву ватанпарастӣ  равона намуда, ҷавобан ба ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Рахмон, ки  ҳамаи шароитҳоро фароҳам кардаанд, кӯшиш намоем бо баҳои хубу аъло таҳсилро идома диҳем ва соҳиби касб гардида, барои Ватани азизи худ хизмат карда бошанд.