Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ҳошияи дастуру супоришоти Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 26 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии иштирокчиёни барқароркунандагони сохти Конститутсионии “Сипари сулҳ” дар боғи ба номи “Камоли Хуҷандӣ”-и шаҳри Хуҷанд байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр мусобиқаи «Шоҳмот» баргузор гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқа мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Аъзамҷон Шарипов ва раиси Ташкилоти ҷамъиятии иштирокчиёни барқароркунандагони сохти Конститутсионии “Сипари сулҳ” Фахриддин Ахмедов ширкат варзида ба ғолибони мусобиқа Диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравиро супоридаанд.