Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфил таҳти унвони “Зан ва ҷомеа ” доир гардид. Дар он бонувони фаъоли ҳизбӣ, собиқадорони меҳнат, роҳбарони якчанд муассисаҳою ташкилотҳо ширкат доштанд.

Мукаррама Неъматова, мудири шӯъбаи кор ба занони кумиҷроия чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баргузории маҳфилро дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд фоли нек донист ва таъкид дошт, ки дар пешрафти ҷомеа нақши бонувон ҳамчун нерӯи созандаву ташаббускор хеле калон аст. Бесабаб нест, ки сафи бонувон дар мақомотҳои роҳбарӣ рӯз то рӯз зиёд намегардад.

Наим Маликисломов, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ зимни суханронии хеш иброз дошт, ки хуб мешуд ин маҳфил ба таврии доимӣ амал карда, ба он занони фаъолу ташаббускор ҷалб гарданд. Ва ин  нафарон бештар аз камбудиву норасоиҳои ҷомеаи имрӯза ҳарф зананд, бо рӯзгори сокинони бештар ошно шаванд ва роҳҳои ҳалли муаммоҳоро дар ҳамҷоягӣ баррасӣ намоянд.  Яъне, дасгир ва муттакои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бошанд. Махсусан мавқеи занони соҳибирода дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоиву тундрав бояд устувор бошад. Ва бонувон тавонанд бо андешаи тозаву фикри солим ботил будани ҳадафҳои ғаразҷӯёнро исбот намоянд.

Ходими давлативу сиёсӣ Шуҷоат Ҳасанова, устодон  Хайринисо Темирова, Ӯғулой Умаралиева, Муҳаббат Раҳимова, Улфатнисо Ахмедова, Назокат Ёрматова дар баромадҳои худ қайд карданд, ки бо мардум мунтасил дар робита бояд шуд. Ва сокинонро аз дастовардҳои даврони истиқлол бештар огоҳ бояд кард, маърифати сиёсиву динии онҳоро баланд бояд бардошт. Таъкид шуд, ки тарғиботу ташвиқот дар маҳалҳо  чун ҳамешагӣ бо аудиторияҳои омӯзгорону табибон неву балки бо сокинони оддӣ бештар гузаронида шавад.  Дар ин росто амал кардани маҳфилҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аввалан мавқеъ ва мақоми ҳизбро боло мебардорад, сониян фарҳанги сиёсии сокинон низ бою ғанитар мегардад.

Собиқадорони меҳнат Алия Бузурукова ва Ҳамроҳ Отаева зимни баромади хеш таъкид доштанд, ки то ҳанӯз мардум побанди хурофоту овозаҳои беасосанд. Чунончи миёни мардум овозаҳое паҳн шудааст, ки дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими расму оинҳо” тағйироти ҷиддие ворид шуда, гӯиё минбад додани оши никоҳӣ манъ шудааст. Ҳол он ки тағйирот ба ин қонун дар ҳоли баррасӣ қарор дораду давлат ва ҳукумат ягон вақт бар зидии манфиатҳои халқ намебарояд.

Ва нуктаи асосӣ ва баҳс бештар дар атрофи иддае аз хоинони Ватан рафт, ки мехостанд бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар шаҳри Варшава ҷомеаро ба сӯи ҳангомаву нооромӣ баранд. Ин нафарон, ки худро ҳомии “адолату ҳақиқат” медонанд, бо воситаи хоҷагони беруна мехоҳанд ба шаъну эътибори кишварамон лакнат зананд. Дар маҳфил ба чунин тоифа нафрин хонда шуд. Бонувони фаъол таъкид доштанд, ки дигар сокинон мисли шаҳрвандони аввалҳои солҳои навадум нестанд ва сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд ва ба ин бадхоҳони миллат лаънат мехонанд.

Мутаассифона, бо вуҷуди хабардор намудани масъулини кумитаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давдатии вилояту шаҳр касе дар маҳфил ширкат надоштанд, ҳол он ки ин маҳфил барои пешравии фаъолияти онҳо заминаи хубе мешуд.

Дар охир аз ҷониби бонувон  муроҷиатнома ба сокинон қабул шуд, ки мӯҳтавиёти он даъвати шаҳрвандон барои дифои обрӯ ва мартабаи давлат, даъвати ҷавонон, бонувон  ба  худшиносӣ миллӣ буд.