30 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд Конференисияи IV ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Истиқлол»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб иштирок карданд.

Конференсияи ғайринавбатиро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» Ҳамрохон Атаева ифтитоҳ бахшид.

Баъд аз интихоби ҳайати Раёсат, комиссияи мандатӣ ва котибот вакили Конференсия Абдурашидов ахбороти комиссияи мандатиро ба самъи вакилон расонид.

Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия муовини раиси кумиҷроияи ибтидоии ҳизб Ҳамрохон Атаева оид ба соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маърӯза намуд. Доир ба масъалаи мазкур якчанд раисони ташкилотҳои ибтидоӣ фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Вакилони Конференсия оид ба масъалаи дуюми рӯзнома 27 нафар вакилонро барои иштирок дар Конференсияи 21-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд пешбарӣ ва интихоб намуданд.

Бо ҳамин кори Конференсияи ғайринавбатӣ ба кори худ хотима бахшид.