«Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015.

Ҳамагон шоҳиди онем, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори дунё низоъҳои қавмию мазҳабӣ, ихтилофоти миллатҳо дар авҷ буда, инсоният ба мушкилоти навбатӣ дучор шуда истодааст. Тамоми ин равандҳо наметавонанд ба ҳаёти рӯзмарраи Тоҷикистони азиз бетаъсир бошанд. Вазъи сиёсии мамлакатҳои Шарқи Наздик ва умуман ҷаҳони муосир вобаста ба равандҳои исломӣ мавқеъ ва муносибати шаҳрвандони Тоҷикистонро ба маротиб дигар намуд. Дар ин замина таҳдиди гароиши эҳтимолии фарзандони худро ба сафи ҳаракатҳои ифротию террористӣ эҳсос менамоянд. Таҳлилу мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки хоҷагони бурунмарзӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои худ ҷалб намуда, бо ин васила мехоҳанд сулҳу суботро дар кишвари мо халалдор созанд ва ҷомеаро ба гирдоби кашмакашҳову нооромиҳо ғарқ намоянд. Роҳбарон ва пешвоёни созмонҳои ифротгаро бо ҳар роҳ мехоҳанд ақидаҳои манфиатҷӯёнаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой намоянд. Мақсаду вазифаҳои марбут ба муташаккилӣ, ваҳдату ягонагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва мухолифат намудан муқобили ноҷуриҳо дар ҳаёти ҷомеа нигаронида шудаанд. Таҳдиду хатарҳои фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус, хатарҳои марбут ба қатлу ғорати одамон, харобсозии арзишҳои моддию маънавӣ, маҳрумсозии мардум аз ҳаёти осоишта, ки тули таърихи инсониятонро паси сар кардааст, воситаи санҷидашудаи баҳамоии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Имрӯз шукр аз он дорем, ки Ватани азизамон Тоҷикистон ободу зебо гардида, мардумаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Бо иқдомҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон як қатор иншооти стратегӣ, аз қабили шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқии обии хурду миёна, қасрҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо таъмиру тармим гаштаву сохта ба истифода дода шуда, ба маркази Тоҷикистони азиз, шаҳри Душанбе ва гирду атрофии он ҳусни тоза зам намудааст. Чунин пешравиҳо ва ободкориҳо дар тамоми гӯшаю канори кишварамон ба назар мерасанд. Бузургони мо бар ҳақ гуфтаанд: «Аз шукр шакар зиёда гардад, ношукр зи хар пиёда гардад». Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки ба чашмони худ хок пошида, ба ҷои шукргузорӣ аз пайи камбудӣ ва ба бор овардани низоъ дар кишвар мебошанд. Тайи рӯзҳои охир аз тариқи шабакаҳои интернетӣ ин гуна хабарҳо зиёд гардида, пешвоён ва аъзоёни гурӯҳҳо бо ташвиқу тарғиби ифротгароёна ва даҳшатгароёнаи худ дар байни мардум таҳлука мехоҳанд андозанд ва дигарбора ба сари мардуми азияткашидаи кишвар ғаму кулфат оваранд. Ватандӯстии воқеӣ характери умумии ҷамъиятӣ дошта, барои амалӣ шудани рағбати тамоми сокинони Тоҷикистон бояд равона бошад. Маҳз муҳити созгори тарғиби арзишҳои ватанпарастӣ метавонад кулли шаҳрвандонро ба корҳои бунёдкорӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва машғул шудан ба меҳнати барои ҷомеа манфиатбахш раҳнамун созад. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мулоқоту суханрониҳояшон ёдрас мешаванд, ки халқи тоҷик танҳо дар ҳоли ҳамбастагӣ ва ваҳдату ягонагӣ метавонанд ормонҳои ҳазорсолаи соҳибватану соҳибфарҳанг буданро амалӣ созанд. Барои амалӣ гардидани ин мақсадҳо беш аз пеш арзишҳои ватандорию ватанпарастӣ бояд миёни мардум, бахусус ҷавонон тарғиб карда шаванд. Зеро ғояҳои зӯроварӣ, қатлу ғорат, фиребу буҳтон, коштани тухми нобоварӣ, тафриқаандозӣ ва амсоли инҳо миёни мардуми тоҷик дар ҳеҷ давру замон роҳ намеёфт ва имрӯз низ мо ҳамчун сипар пеши роҳи паҳншавии ин ғояҳоро бояд бигирем ва барои наслҳои оянда давлати ободу пешрафта мерос гузорем. Воқеаҳои нангини Ироқу Сурия ва Афгонистон моро ҳушдор медиҳанд, ки ватани осудаву ободамон Тоҷикистони азизро боз ҳам бештар дӯст дорем, аз манфиатҳои халқу миллати хеш ҳимоят кунем ва нагузорем, ки фазои поку беолоиши ин ватани азиз ғуборолуда шавад. Зиндагии осоишта, пешрафти сатҳи некӯаҳволии мардуми кишварамон дар дасти худи мост. Пас месазад, ки ҷойи рафтору кирдори ношоистаи барои ҷомеа зиёновар пайи муваффақ шудан ба дастовардҳои тоза дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва иҷтимоиёт кӯшиш намоем, то иқтидори ватанамонро боз ҳам бештар созем. Аз онҳо, ки дар атрофии ин гурӯҳи фитнаандоз ва ифротгаро гирд омадаанд, даъват ба амал меоранд, ки дурӣ ҷуста ба мисли фардоне, ки фирефтаи хоҷагони хориҷӣ ва мансабхоҳон шудаанд, мулкамонро ба вайрона табдил диҳанд. Зеро оқибати ҳар як кашмакашиҳо пушаймонист. Фарзандони вафодори миллат ва онҳое, ки ба ин роҳи пешвоёни ин гурӯҳи ифротгаро ва моҷароҷӯ ба доми худ кашидаанд, дурӣ ҷӯста, фикри миллату давлат, падару модар, фарзанду оила ва саломатии худро намекунанд. Имрӯз мо ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи сарвари давлати Тоҷикистон мебошем. Дар як ҷоягӣ Ватани азизамон Тоҷикистонро ба як гӯшаи зебо табдил медиҳем. Намегузорем, ки дар Ватани мо дигарбора душманони дохилӣ ва хориҷӣ, мисли гурӯҳҳои ифротгаро, тухми кинаву адоват кошта, мулкамонро ба вайрона мубаддал созанд. Ният дорем, ки дигарбора модари тоҷик ашки ғам нарезонад. Дар ин ҷода тарбияи ҷавонон дар зинаҳои минбаъдаи тарбияи шахс бояд идомаи мантиқии тарбия дар оила бошад. Ҳолатҳое дучор мешавад, ки волидайн аз раванди таълиму тарбияи фарзанд умуман огоҳ намешаванд. Дар ҳолатҳои ба корҳои ношоиста даст задани фарзандон афсӯсхӯрӣ мекунанд, ки дигар суде надорад. "Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ"- гуфтаанд. Пас, сари тарбияи насли ҷавон на танҳо оила, балки кулли ҷомеа масъуланд. Имрӯзҳо баъзан шоҳиди он мешавем, ки ҷавонон дар кӯчаву бозор, ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯирост ба корҳои ношоиста, рафтори ғайриинсонӣ, гуфтори қабеҳ даст мезананду касе аз калонсолон пеши роҳи ин гуна ҷавононро намегирад. Яъне, муҳити тарбияи ҷавонон бениҳоят маҳдуд аст, ки ин ҳолат ташвишовар мебошад. Нодида гирифтани раванди тарбияи насли ҷавон оқибатҳои чандон хуб ба бор нахоҳад овард. Солҳои охир далелҳои зиёди беаҳамиятии оила ва ҷомеа нисбат ба ҷавонон ошкор гардид. Ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро шомил гардидани ҷавонони ҳамватани мо гувоҳи бетарафии оила ва муҳити тарбия нисбат ба онҳо мебошад. Зеро ки ин ҷавонони гумроҳ пас аз дарки воқеияти ҳаракатҳои ифротгароёна, ва характери зӯроварию қатлу ғоратдоштани амалҳои гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро ба худ омада, аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Ҳол он ки оила ва ҷомеа метавонист пеши роҳи шомилшавии ин ҷавононро бигирад, то ки онҳо ба чунин гурӯҳҳои зиёновар шомил нагарданд ва зиндагии худ ва аҳли оилаашонро ба хатар мувоҷеҳ насозанд. Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади дарки моҳияти ин муаммоҳо як қатор тадбирҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи халқи заҳматкаши кишвари мо ва тарбияи ватандӯстиву бунёдкории насли наврас манфиатнок мебошанд.

Азимов А.Ҷ. – Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Инқилоб»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд