Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб аз 09 апрели соли 2022, №4 ва барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси  ҳисоботӣ - интихоботии ташкилоти ибтидоӣ баррасии масъалаҳои зерин,

Аз ҷумла:

1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар "Фурӯғ" оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

  1. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022;

3.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;

  1. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ҳизбӣ дар шаҳри Хуҷанд;
  2. Масъалаҳои ташкилӣ.

  Дар маҷлис Замира Мансурӣ - муовини раиси   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Ӯрунбоева Муҳаббат-муовини раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд,  Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Қаҳҳорова Гавҳар Рустамовна ва аъзои фаъоли  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

 Тибқи масъалаи якум ва дуюми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид.

   Дар асосӣ масъалаи сеюми   рўзномаи маҷлис  бошад бо тарафдории аъзои ташкилот Гавҳар Рустамовна дигарбора раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар “ Фурӯғ ” интихоб шуд.

Аз рӯи масъалаи чорум дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ 2 нафар вакилон  аз аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар шаҳр интихоб гардиданд.

   Дар идома муовини раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбро қаноатбахш ҳисобид инчунин иброз доштанд, ки  сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ва шукуфоии ватани мо аст. Дастгирии ҳаматарафаи аъзои ҳизб, бо кор нишон додани хеш, ташаббускорӣ, ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод ва бофарҳанг, тарбия кардани кадрҳои ҳозиразамони сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ, мустаҳкам кардани ғояҳои давлат, эҳё намудани тамоми боигариҳои маънавии халқ, мусоидат кардан ба пешрафти Тоҷикистони азиз мақсади асосии Раиси ҳизб ва ҳамаи аъзояш мебошад”.

    Муҳаббат Ӯрунбоева муовни раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иброз доштанд, ки  ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг мероси ниёгон, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мост. 

Бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, вусъат додани корҳои созандаию бунёдкорӣ тавсияҳои муфид дода шуд.