Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии короновирус кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамҷоя бо кормандони соҳаи тиб корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо усули хона ба хона дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла дар маҳаллаи “ Тиллокон” гашту гузор намуда, оид ба эмгузаронӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ барда, ба мардум муроҷиатнома дар бораи риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва эмин нигоҳ доштани худ ва атрофиён аз бемории КОВИД-19 тақсим намуданд.

Ҳамзамон ба нафарооне, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд ва инчунин ба шахсони хоҳишманд ваксина гузарониданд.