Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев ва сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва назорати кумиҷроия Исмоил Латипов бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дидан намуданд.

Тавре аз маълумоти оморӣ бармеояд, ташкилоти мазкур иборат аз 15 нафар аъзо буда, он соли 2016 таъсис ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки корбарӣ дар самти пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилот дуруст ба роҳ монда шудааст. Дар утоқи ҳизбӣ ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо бо тартиби муайян ҷойгир шудааст. Ҷаласаҳои ҳисоботӣ ва соати сиёсӣ дар замони муайян гузаронида мешавад. Аммо воқеияти ҳол нишон дод, ки на ҳамаи чорабиниҳои сиёсии доирмешуда бо таҳияи пратаколу гузоришҳо дар ҳуҷҷатгузориҳо маҳфуз дошта мешаванд. Илова бар ин, кор дар самти ҷалби аъзо такмил мехоҳад.   Ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ дастур дода шуд, ки дар ҷодаи ҷалби аъзои нав, пардохти мунтазами аъзоҳаққӣ, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, саривақт доир намудани хонишҳои сиёсӣ, назорат аз болои ҳаракати аъзо  ва робитаи мустаҳакам пайдо намудан бо кумиҷроияи шаҳрии ҳизб корбариро вусъат бахшанд.

Қайд шуд, ки  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз зумраи чунин коргоҳҳое аст, ки шумораи зиёди муроҷиаткунандагон бо баровардани хостаҳои худ ба онҳо муроҷиат мекунанд. Аъзоёни ҲХДТ бо одоби муоширати хосса, мушкиливу муаммоҳои ниёзмандонро шунида, бари ҳалли таъхирнопазири он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонанд.