Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқотҳо бо усули хона ба хона ва кӯча ба кӯча бо сокинони маҳаллаҳои шаҳр оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пошхӯрии оилаҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ оғоз гардида, ҳамарӯза бо иштироки намояндагони кумиҷроия ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ мегардад.

Чунин мулоқотҳо дар кумитаи маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов” баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи корӣ бо сокинони маҳаллаи мазкур сӯҳбат ороста, доир ба масъалаи болозикр андешаронӣ намуданд.