Либоси  миллӣ, як ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги зиндагонии мардуми диёр буда, ҳамзамон муарифгари тарзи ҳаёт ва маданияту рафтори шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Боиси хурсандист, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба эҳёи анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, аз ҷумла пӯшидани либоси миллӣ хеле афзуд. Ташкили озмуну фестивалҳои намоиши либосҳои миллӣ таҳти унвонҳои “Ҷилваи чакан” ва “Атлас”,  дубора эҳё гардидани атласу адрасбофии дастӣ ва дар маҷмӯъ ҳунарҳои мардумӣ далели эътибори хоссаи давлату Ҳукумат ба мероси фарҳангии ниёгонамон мебошад. Боиси қайд аст, ки ба масъалаи мазкур кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботи зимни мулоқотҳо бо аҳолӣ либосҳои миллиро ба таври шоиста муаррифӣ ва ташвиқу тарғиб менамоянд.

Аз ҷумла рӯзи 2-юми октябр гурӯҳи корӣ дар ҳайати мудири шуъбаи кор бо занон Заррина Манонова ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Олимҷон Норматов вобаста ба ҳамин мавзӯъ бо кормандони маркази савдои “Абдулазиз”, воқеъ дар майдони Регистони назди бозори “Панҷшанбе” суҳбат намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар ин муассисаи соҳаи тиҷорату савдо асосан бонувон фаъолият мебаранд.

Дар рафти суҳбати гарму самимӣ ба  кормандони муассиса зарурати ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, даст кашидан аз пӯшидани либосҳои ба тамаддуну маданияти мо бегона ва расидан ба қадри дастгириҳои давлату Ҳуқумат фаҳмонида шуд.