Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ доирр гардида истодаанд.                                Санаи 24-уми июли соли равон дар ташкилоти ибтидоии "Олами афсона" дар назди Кӯдакистони Президентӣ гузаронида шуд, ки дар он аъзои фаъоли ҳизб ширкат доштанд.                                     Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии "Олами афсона" Муҳайё  Рашидова оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда дар назди ҳозирин ҳисобот дод.
Номбурда доир ба корҳои анҷомдода дар самти фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карда қайд намуд, ки аъзоёни ҳизб ва сокинон ҳама сарҷамъона меҳнат намуда бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда истодаанд. Аъзоёну ҷонибдорони ҳизб дар ҳамаи чорабиниҳои ҳизбӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри амалишавии ҳадаф ва барномаҳои созандаи  ҳизб саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис қайд карда шуд, ки чи тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст соли 2024, 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Доир ба масъалаи мазкур моро лозим аст, ки Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 "Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ба роҳбарӣ гирифта давоми соли 2023 ва то ноябри соли 2024 бахшида ба ин санаи муҳим мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва аксияҳои ҳизбиро баргузор намоем.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мавриди баррасӣ қарор дода шуда вобаста ба рафти иҷрои ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ҳамчунин Дилором Очилова муовини раиси ташкилоти ибтидоии мазкур баромад карда, оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоӣ, ҷалби ҷавонони болаёқат ба сафи ҳизб, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ суханронӣ намуд.