ИҚДОМИ НАҶИБ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

 Дар остонаи ҷашни Рӯзи парчами миллӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба иқдоми наҷибе даст зад. Ба хотири боз ҳам хубтару самимитар таҷлил намудани ин санаи фархунда субҳи имрӯз дар маҳаллаи Масҷиди Савр бо иштироки беш аз 400 нафар сокинони маҳалла чорабинии идона ташкил намуд. Саҳни чойхонаи маҳалла идона оро дода шуда,  дар як гӯшаи он бошандагони маҳалла дар озмунии зеҳнии шоҳмот, ки бо иқдоми кумиҷроияи шаҳрӣ рӯи кор омад, маҳорат ва дониши худро санҷиданд. Онсӯтар гурӯҳе аз фаъолзанони маҳалла бо дастурхони идона чорабиниро оро доданд. Занони ҳунарманди маҳалла маҳсули дастранҷи аз матои атласу адрасдӯхтаи худро ба маъраз гузошта буданд.

Меҳмонони чорабинии идона Фаттоҳзода Сарфароз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулоҳ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ  Наим Мунаввар аз намунаи дастранҷи аҳли маҳалла ошноӣ пайдо карда, ба ҳунари  дӯзандагиву пазандагии сокинон баҳои баланд доданд. Дар гӯшаи дигари ин мавзеъ хонандагон парчами миллӣ дар даст дар васфи Ватан- модар шеърҳо қироат намуданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар аҳли бошандагони маҳалларо бо Рӯзи парчами миллӣ табрик намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки  мо ифтихор аз он дорем, ки дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ таҳти роҳнамоиву ғамҳориҳои давлат ва Ҳукумати кишвар умр ба сар мебарем. Ва рисолати мо он аст, ки ин кишвари азизу маҳбубро чун гавҳараки чашм азиз дошта, дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии сокинон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Яке аз рукнҳои давлату давлатдорӣ ин доштани парчами худ мебошад, ки дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии кишвар парчами мо тасдиқ гардид.

Бо амри Сарвари давлат ҳамасола санаи 24-уми ноябр дар мамлакатамон Рӯзи парчам бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ба ин муқаддасоти миллӣ арҷ мегузорад. Қомат афрохтани баландтарин пояи Парчам дар ҷаҳон дар пойтахти кишварамон ҳар як сокини мамлакатро барои худшиносии миллӣ таккон медиҳад.

Раиси ҷумҳур муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 21 сол муқаддам, дар тантанаи 5 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд, ки: «Худшиносӣ дар таълимоти бузургони мо маънои маҳдуди фардиро не, балки моҳияти васеъ ва ҳатто кайҳониро дорад: манзур мақому манзалати инсонии худро дар пайвастагӣ бо решаҳои таърихӣ, бо сарнавишти миллату халқи худ ва бо аҳли башар дарк кардан аст. Яъне хештаншиносӣ дар маҷмӯъ моҳияти озодихоҳӣ ва истиқлолҷӯиро дорад».

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини дар фазои сиёсии ҷомеа зуҳур карданаш, дар такя ба ҳадафҳои созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар парчам, нишон, рамз ва суруди миллиро эҳтиром дошта онро воситаи хуби худшиносӣ ва сари баланди халқ эътироф менамояд. 

Баргузории чорабинии имрӯза низ маҳз ба хотири баланд бардоштани ифтихори миллӣ, талқини дӯстиву рафоқат байни маҳаллю кӯчаҳо ва лаҳзае бошад ҳам шод кардани хотири сокинон мебошад.

Кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр аз ҷумлаи маҳаллаҳои қадимтарини шаҳр маҳсуб ёфта, даҳҳо шахсиятҳои варзида дар ин маҳал ба камол расидаанд.  Мо дар такя ба анъанаҳои мардумӣ имрӯз хостем шодишарики ин маҳал ва устодону шогирдони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Хуҷанд бошем ва Рӯзи парчамро бо иди кӯча тавъам созем. 

Ҷамшед Ҷӯрабоев низ дар суханронии хеш аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ бояд ҳар сокин аз таъриху тамаддуни худ огоҳии бештар дошта бошад. Чорабинии имрӯза воқеан иди халқист ва бо ин васила гурӯҳи зиёди сокинон ин ҷо сарҷамъ шуда, аз моҳияти парчаму парчамдорӣ иттолои бештар ёфтанд. Сокинони маҳаллами Масҷиди савр дар гузашта низ бо заковати шеърдониву таърихнигории худ аз дигар бошандагони Хуҷандшаҳр фарқ мекарданд. Инро банда зимни навишти рисолаи номзадӣ дар  сӯҳбат бо пирони рӯзгордида эҳсос намуда будам.

Фаттоҳзода Сарфароз зимни баромади хеш таъкид намуд, ки баргузории чорабинӣ дар чунин сатҳ бешубҳа дар  амалӣ гардонидани сиёсати созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, саҳми арзанда ҷиҳати баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа нақши муассир мебозад. Мо имрӯз шоҳиди ободкориву созандагии сокинони маҳал гардидем. Ба шарофати ҷашнҳои умумиллӣ ҳар як бошандаи маҳалла хонаву дари хешро тозаву озода нигаҳ доштаанд ва рӯ овардан ба анъанаву суннатҳои мардумӣ, ки ҷузъи асосии талаботи озмуни имрӯза аст, бори дигар аз масъулиятпешагӣ ва маҳорати ташкилотчигии кумиҷроияи шаҳрӣ дарак медиҳад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ озмунҳои «Кӯчаи беҳтарин», «Оилаи беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин», инчунин мусобиқаи «Шоҳмотбози беҳтарин» ҷамъбаст гардиданд.

Дар бахши «Кӯчаи беҳтарин»  ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро кӯчаҳои ба номи  Тошхоҷа Асирӣ, Абдурауф Саломов ва «Дуредгарон» соҳиб гардиданд. Дар номинатсияи «Оилаи беҳтарин» ғолибият насиби Тошматов Собирҷон гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро оилаҳои Ҳабибов Абдураҳмон ва Раҳимова Мӯътабар  соҳибӣ намуданд. Дар бахши кадбонуи беҳтарин ғолибият насиби кӯчаи ба номи  Камоли Хуҷандӣ гардида, зинаҳои баъдиро кучаҳои  Маҳмудхӯҷа Исмоилов ва Тошхоҷа Асирӣ ишғол намуданд.  Шоҳмотбози беҳтарини чорабинӣ насиби Ҳайдар Бақоев гардид. Ҷойҳои дуюми сеюмро шоҳмотбозони маҳалла Абдурасул Калонов ва Фатҳулло Охунов соҳиб шуданд.

Ғолибон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳрӣ тақдиронида шуданд.

Дар чорабинии адабиву фарҳангӣ, кормандони фарҳанги шаҳр, мактабиён, гурӯҳи ҳаваскорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо барномаҳои рангин хотири аҳли нишастро шод намуданд.