Дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд» бахшида ба таҷлили «25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Машваратро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, директори коргоҳ Рустам Пӯлодов ифтитоҳ бахшида, оиди ноил гаштан ба дастовардҳои замони Истиқлолият, баланд шудани худшиносии миллӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва саҳми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон ва пешрафту тараққияёти мамалакат суханронӣ намуд.

Инчунин, дар чорабинӣ якчанд аъзоёни фаъоли ҲХДТ баромад намуда фикру андешаҳои худро баён доштанд.