Ман Гулнора Ғаниева муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Мадад»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мо як гурӯҳ занҳои фаъоли шаҳри Хуҷанд аз ҷойҳои таърихии шаҳри Панҷакенти бостонӣ дидан намудем. Сафари мо дар рӯзҳои 23 ва 24 июли соли равон сурат гирифт. Воқеан, ман дар ин сафар ба худ хеле таассуроти зиёдро гирифтам. Хусусан, заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро ҷиҳати таъмиру тармими роҳҳои мошингард, таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат дар самти эҳё намудани ҷойҳои таърихӣ аз қабили шаҳраки қадимаи Саразм, муҷассамаи Асосгузори адабиёти класикии форсу тоҷик Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ ва хонамузейи шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро ба чашми худ дидем. Дар ҳақиқат дар муддати на чандон зиёд кишвари мо хеле ободу шукуфон гардидааст. Обод гардидани дохили шаҳри Панҷакент моро хеле рӯҳбаланд гардонид. Ба ман Шоми Панҷакент, ки дар он мо оромию осудагӣ ва дӯстию рафоқати мардуми ин шаҳрро мушоҳида кардем хеле писанд омад. Бегоҳӣ дар маркази шаҳр мусиқии форам садо медод ва занону ҷавонон, кампирону муйсафедон дар мизҳо нишаста шукри ободию оромӣ ва осудагиро мекарданд. Аҷибаш он аст, ки мо дар онҷо бо шаҳрвандони Германия вохӯрдем, ки онҳо низ бо хушнудӣ рақсу хурсандӣ мекарданд ва мо бо онҳо аксбардорӣ кардем. Ҳамзамон, мо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов аз вазъи хизмати афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ ва шаҳри Панҷакент дидан намудем, ки ин ба мо таъсири хеле хуб бахшид, зеро шароити беҳтарини қисмҳои низомиро бо чашми худ дидем. Ман гумон мекунам, ки иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хеле иқдоми саривақтӣ буд ва минбаъд низ агар чунин иқдомҳо роҳандозӣ гарданд боиси баланд бардоштани ҳисси ватанпарастию ватандӯстӣ ва қавӣ гардидани мафкураи ҷаҳонбинии занону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеаи мо хоҳад шуд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10160
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9991
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8118
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7912
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7281
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1146
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1180
-
Сиёсатмадорони ояндаи миллат2022-04-01 427
-
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ.2019-06-22 1061
-
ЭҲТИРОМ БА ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - ЭҲТИРОМ БА МИЛЛАТ2019-11-20 1129
-
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба истиқлолияти давлатӣ2015-09-08 1446
-
Пешвои миллат- шахсияти барҷастаи таърихӣ2016-11-17 1548
Меҳмонон