15 ноябри соли 2016 дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маҳфили навбатии доимоамалкунанда «Рози Бону» дар мавзӯи «Пешвои миллат- шахсияти барҷастаи таърихӣ» баргузор гардид. Дар кори маҳфил бонувони барӯманди ҳизбӣ, фаъолазанҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, шӯрои фаъолзанони кумиҷроия иштирок намуданд. Ба муҳокимаи иштирокдорон корномаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25-соли даврони Истиқлол  пешниҳод гардид. Аз ҷумла қайд гардид, ки тоҷикистониён комёбиҳои хешро бо фаъолият ва хизматҳои шоёни Президенти маҳбуб  медонанд. Пойдории сулҳу осоиш дар кишвар, азму талош баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, инкишофи иқтисодиёт, илму фарҳанг, таъмини ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистон, таъмини ҳаёти осудаи мардум ва кафолати баробарҳуқуқии миллатҳои маскуни кишвар ва амсоли он.

Доири ин масъала иштирокдорон маърӯзаи дотсенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, декани факултаи таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров  Маҳмудова Назира Солихӯҷаевнаро дар мавзӯи «Пешвои миллат- шахсияти барҷастаи таърихӣ» шуниданд ва атрофи он баҳси доманадор давом кард.

Дар қарни 10 Исмоили Сомонӣ чун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик тавонист, аркони давлатдориро мустаҳкам ва тоҷиконро чун миллати шоирхез дар ҳамон давр ба арабу аҷам муаррифӣ намояд. Бо гузашти 1000 сол пас аз пошхӯрии давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон низ дар қатори дигар миллату халқиятҳо соҳибдавлат шуд ва ин неъмати бузургро Истиқлол номиданд. Аммо мустақилият бо хунбаҳои садҳо сокинони кишвар ба даст омад. Хавфи аз байн рафтани ин миллат ва пора- пора шудани минтақаҳои он ба миён омада буд. Дар чунин муҳит танҳо ваҳдату ягонагӣ ва тӯдакаше лозим буд, ки ҷомеаро аз қафои худ ба пеш барад, ба сӯи нуру зиё, ба сӯи фардои дурахшон. Ин рисолатро фарзанди фарзонаи миллат, Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Ин миллати парокандаро ба ҳам овард. Сулҳу оштӣ дод. Хиради азалӣ насиби тоҷикон гардид. Баъди тинҷиву оромии кишвар акнун дар назди Президент масъалаи баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ меистод. Роҳандозӣ шудани се ҳадафи стратегии кишвар- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Сарвари давлат ба ҳисоб мерафт.

 Ба ин хотир дар кишвар беш аз 1000 километр роҳ, садҳо купрукҳо, се нақби азим мавриди истифода қарор гирифт.

Президент ба хотири кӯмак кардан ба халқи хеш дар давраи ниҳоят мушкили кишвар 75 ҳазор гектар заминро тақсим карда дод. Ҳоло ин заминҳо чун замини «президентӣ» маъруфият доранд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 100 нерӯгоҳи хурду бузург, аз ҷумла Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 сохта шуда, таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи обии Қайроққум, Норак, Помир анҷом ёфтанд. Хатҳои баландшиддати Ҷануб-Душанбе-Шимол, Душанбе-Лолазор сохта шуда, сохтмони КАСА-1000 бо мааром идома дорад. Ҳамаи мо шоҳидем, ки чанд рӯз пеш Президенти кишвар ба бастани маҷрои дарёи Вахш ва оғози сохтмони сарбанди нерӯгоҳи «Роғун»фотиҳа доданд. Он рӯз дур нест, ки кишвари мо ба давлати азими истеҳсолкунандаи барқ мубаддал ёбад.

Президент дар самти маънавиёт ва фарҳанг низ хизмати бесобиқа кардаанд. Баргузории 1100- солагии давлати Сомониён, бузургдошти тамаддуни Ориёӣ, гиромидошти Имоми Аъзам, 2500 солагии Истарвшани бостонӣ, 2700- солагии Кӯлоб, 3000 – солагии  Ҳисори шодмон, таҷлили зодрӯзи шоирони классики тоҷик Рӯдакиву Сино, Ҷомиву Камоли Хуҷандӣ ва Мирсаид Алии Ҳамадонӣ гувоҳи гуфтаҳои болоианд.

 Китобҳои навиштаи Президент «Тоҷикон дар оинаи таърих» се ҷилд, «Сомониён»  «Забони миллат ҳастии миллат» «Чеҳраҳои мондагор» ва даҳҳои дигар бори дигар аз қадимиву соҳибтамаддун будани миллати мо дарак медиҳад. Таваҷҷӯхи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф хосса аст. Тақвияти гуфтаҳои болоӣ он аст, ки агар соли 1992 маблағгузории соҳаи маорифи вилоят ҳамагӣ 1779 сомониро ташкил диҳад, пас ин рақам дар соли 2009 170 миллиону 950,9 ҳазор ва соли равон 522 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки комёбиҳо ва дастовардҳои меҳнатии маорифчиён ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад. Ё худ, агар дар соли 2000 музди миёнаи меҳнати кормандони соҳаи маориф 10,4 сомониро ташкил дода бошад, пас он имрӯз то ба 850 сомонӣ расидааст. Дар баробари ин барои омӯзгорони ҷавон, олимон ва ҷавонони лаёқатманд имтиёзҳо, идрорпулиҳо ва ҷоизаҳо муқаррар карда шудааст, ки ин амалҳо барои ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон ва ҷалби онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ, ҳавасмандии онҳоро баланд мекунад. Бунёди беш аз 1000 мактабҳо ва ба 37 адад расидани шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар худ исботи гуфтаҳои болианд.

Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият ин ҷорӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони деҳот буд, ки қаблан касе дар ин хусус андеша ҳам надошт. Ин имтиёз ба духтарон имкон дод, ки роҳи донишомузӣ   барояшон кушода гардад ва ҳама садҳои сунъӣ, андешаҳои хурофотию бофтаҳои хаёлии бархе  пош хӯранд. Имрӯз дар асоси ин чораҷуӣ духтарони зиёде соҳиби маълумои олӣ, касбу ҳунар ва зиндагии обод гаштаанд.

Ҳамаи ин дастовардҳо аз амну осоиш ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар бармеояд, ки зимоми роҳбариро Президенти оқилу донои мо Эмомалӣ Раҳмон таи беш аз 25 сол бар дӯш дорад. Пас месазад нафаре, ки қавлу амалаш як аст, ин меҳани азизашро бо ҷону дил дӯст медорад ва чун Президенти мардумӣ унвон гирифтааст, ба ҳайси Пешвои миллат шиносем ва Рӯзи президентро бо ҳисси баланди ифтихору шодмонӣ таҷлил намоем.

 Моён, занон-ҳизбиёни Хуҷандшаҳр Роҳбару Пешвои миллати худро азизу муқаддас медорем, дар ҳама соҳаҳо дастгиру мутаккояшон мебошем. Сарвари давлат барҳақ Президенти мардумӣ ҳастанд, зеро дили бекина, андешаи солим, садоқати беинтиҳо ба ҳар як сокини кишвар доранд.  Мо низ дар ҷавоб  садоқати хешро изҳор менамоем, ба хизматҳояшон арҷ мегузорем. Пешвои мо арзандаи ҳамаи ситоишҳо  ва роҳнамои зиндагии мо ҳастанд.

МО БО ПРЕЗИДЕНТ ВА ПРЕЗИДЕНТ БО МОСТ- бо ҳамин нуктаҳо маҳфил кори худро ба анҷом расонид.