Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он ахборотчиён дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – бузургтарин дастоварди мост» дар назди иштирокчиён баромад намуданд.

Аз ҷумла рўзи ягонаи ахбор дар ташкилотҳои ибтидоии «Маркази микроҷарроҳии чашм» ва «Беморхонаи бачагонаи вилояти Суғд» баргузор карда шуд, ки дар он намояндагони кумиҷроия иштирок ва баромад намуданд.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки арзишмандтарин дастоварде, ки таи солҳои Истиқлолият аҳли кишвар ба он соҳиб шуд - расидан ба Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ аст ва мардум ин санаи таърихиро бо башорати некаш гиромӣ медоранд. Ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои халқи азизи кишвар рўзи саид, фирўз, ваҳдат, нусрат, неку таърихӣ маҳсуб мегардад. Ваҳдате, ки тавассути кўшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, пеши роҳи нобудии миллати моро гирифт, исбот намуд, ки мардуми соҳибназари кишвар ба ҳалли душвортарин мушкилаҳо қодир мебошанд ва моҳияти падидаҳои замонро сари вақт ва ба хубӣ мефаҳманд. Маҳз пойдории ягонагӣ ва сулҳу ваҳдат аст, ки ҷомеа давра ба давра пеш меравад, дар Тоҷикистон барномаи азими азнавсозиҳо амалӣ мегарданд.

         Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Маҳз бо таҳкими сулҳу субот, ваҳдат дар сарзамини офтобии мо пойдор гашт, обрў ва эътибори миллати тоҷику давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро дубора баланд бардошт. Ин санади таърихӣ қутбнамои роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки барои наслҳои оянда ба ҳайси чароғи раҳнамо хизмат мекунад.