Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба рӯзи ҷавонон ва 25- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиќаи варзишӣ оид ба баскетбол барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд байни омӯзгорони (бонувони) муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд оғоз гардид. Чорабинии мазкур аз 13 то 16 май дар толори варзишии ФМИ Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, баргузор гашта истодааст.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тақвияти дӯстӣ ва ватанпарастӣ, дарёфти варзишгарони умедбахш аз ҳисоби бонувон ва тарғибу ташвиқи варзиш байни бонувони шаҳр ба ҳисоб меравад.