Дар остонаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарии омӯзишӣ бо иштироки мушоҳидони миллии аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихобгардида доир гардид.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки тибқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамаи участкаҳои интихоботии ҳудуди шаҳри Хуҷанд аъзоёни ҲХДТ ҳамчун мушоҳидони миллӣ вобаста шудаанд.

Мушоҳидони миллиро зарур аст, ки тибқи талаботи қонуни мазкур дар рӯзи интихобот аз ҳуқуқҳои худ истифода карда, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ доир шудани интихобот саҳми худро гузоранд.

Таъкид шуд, ки дар рӯзи интихобот бурдани ташвиқот манъ аст ва бояд ҳар як нозири миллӣ талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намояд.