Санаи 06 апрели соли 2019 мусобиқаи варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба баскетбол байни донишҷўёни литсейҳои касбии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толории  варзишии «Колеҷӣ омўзгори»-и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани ин мусобиқа тарғибу ташвиқи баскетбол байни донишҷўён, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим буд. Мусобиқа аз рўи системаи олимпӣ ва қоидаҳои байналмилалӣ гузаронида шуд.

Дар давраи бозӣ дастаи литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд ҷойи аввал, дастаи литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд ҷойи дуввум ва дастаи литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд бошад ҷойи сеюмро касб намуданд. Ниҳоят, дастаи литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд Ҷоми ҲХДТ-ро соҳибӣ карда, дастаҳои литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд ва литсейи касбии хизматии шаҳри Хуҷанд низ бо диплом ва медал қадрдони карда шуданд.