Дар доираи моҳвораи ҷавонон дар сар то сари кишвари азизамон чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ доир шуда истодаанд. Дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни омӯзгорони (бонувони) муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба баскетбол аз 13 май то 16 май дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқаи варзишӣ бонувони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳо фаъолона ширкат варзида маҳорати худро нишон доданд.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи худшиносии миллӣ, тараннуми тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани варзиш гузаронида шуда, дар натиҷа дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиб гардид ва Ҷоми кумиҷроияро соҳиб шуд. Зинаи дуюмро вазишгарбонувони дастаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва зинаи сеюмро дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ишғол карданд.

Дар расми ҷамъбасти мусобиқа, муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Шарифҷон Аминзода қайд кард, ки баргузории чунин мусобиқаҳо байни бонувон дӯстиву якдигарфаҳмиро тақвият бахшида, ҷамъиятро ба ташаккули тарзи ҳаёти солим раҳнамун месозад.

Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш хоса аст.  Зеро давоми чанд соли охир дастоварди варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ бозгӯи он аст, ки аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар барои пешрафти ин соҳа эътибори хоса зоҳир мегардад. Намунаи барҷастаи ин таваҷҷӯҳ ғолибияти гурзандоз Дилшод Назаров ҳаст, ки ӯ аввалин варзишгарест, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишварамон медали тиллоии олимпиро овард ва ҳамчунин Қаҳрамони Осиё гардид. Раиси кумиҷроия аз иштирокчиёни мусобиқа ва ҷавонони дар толор буда даъват ба амал овард, ки ба варзиш бештар машғул гардида, ҳамсолони худро низ ба корҳои муфид ҷалб намоянд.

Дар расми тантанавӣ аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ ба ғолибон ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроия супорида шуд.