Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндаи миллат муаррифӣ намуда, таькид менамоянд, ки  «...Бояд пеш аз ҳама ҷавонон мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ ,ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд».

         Муҳимтарин матлабхои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо сарварии садри он Ҷаноби Олӣ мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи сиесати давлатии Тоҷикистон» аз 13 марти соли 1992 тибқи сархати 5-уми моддаи 1- уми Қонуни мазкур «Сиёсати давлатии ҷавонон бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумхурии Тоҷикистон буда, аз системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиесӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давлатӣ бо мақсади фарохам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳарчӣ бештар амалӣ гардидани нерӯи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷамъият татбиқ менамоянд»  баён гардида, имрӯз низ меҳвари калидии фаъолияти густурдаву босамари сиёсати давлату кишвар маҳсуб меёбад.

Маҳз боэътмодтарин такягоҳи Ватан ҷавонон мебошанд, ки Сарвари давлат бо эътимоду боварӣ ва дастгирии хамаҷонибаи эшон, барои боз хам баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар хаёти умумии ҷомеа ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуда, 23-юми майро хамчун «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон намуданд. Ин ва дигар нуктахои мубрам имрӯз мавзуи асосии ташвиқотии тарғиботчиени МИХД вилояти Суғд қарор гирифт.

“Ба хотири пешрафту ободии Ватани азиз, ҳаети хушу хуррам, тахкими сулҳу амният, вахдати кулл, рушди босамари иқтисодӣ-ичтимоӣ, баҳри созандагиву ободӣ саъйу талош меварзем» - мегуяд намояндаи  Кумитаи иҷроияии  Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева зимни баромади ташвиқотияш бо намояндагони фаъоли ҷомеаи нохияи Бобоҷон Ғафуров.