Хуҷанд: Маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурӯзон” баргузор гардида дар он ҳамаи масъалаҳо мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилдоти ибтидоии ҳизбии “Фурӯзон” Исоев Порсо Садриддинович дар назди аъзои ҳизби ин ташкилот ҳисобот дода, қарорҳои дахлдоро қабул намуданд. Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исоев Эҳсон Махмудҷонович дар бораи интихоб намудани раиси ташкилоти ибтидоии “Фурӯзон” Порсо Исоев суханронӣ намуданд.
Сипас Камолҷон Ғаниев муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ оди ба мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва аксияву ҳашарҳои ҳизбӣ, ки бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ шудаанд баромад намуд.