Тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 23-уми декабри соли 2022 ироа гардида буд, тибқи нақша мулоқоту вохӯриҳоро байни мардум ва аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор намуда истодаанд.

Имрӯз ҷиҳати фаҳмонидани Паёми навбатии Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии “Оби тоза” бо иштироки аъзои фаъоли гуруҳи таблиғотии назди кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Хайринисо Темирова ва мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти кумиҷроия Ғуфронҷон Шарипов мулоқот доир гардид.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриву мулоқотҳо ин ба мардум шарҳу тавзеҳи Паём нукта ба нукта ва соҳа ба соҳа буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои некбинонаи Пешвои миллат барои зиндагии шоистаи мардум мебошад.