Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаинаи Шӯрои занони кумиҷроияи шаҳрӣ субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо ҷамъи беш аз 50 нафар занони фаъол ҷаласаи ҳисоботӣ доир гардид.

Нахуст мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Заррина Маноннова оид ба иҷроиши самтҳои асосии фаъолияти шӯрои занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар  соли 2019 ва вазифагузориҳо барои соли 2020 гузориш дод. Зикр шуд, ки аз шумори умумии аъзои ҳизб дар шаҳри Хуҷанд, ки 17 ҳазору 970 нафар мебошанд, 11 ҳазору 540 нафарро занон ташкил медиҳанд. Ин нерӯи бузург дар баргузории чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ нақши мондагор доранд. Шуъбаи кор бо занони кумиҷроия бо ҷалби аъзои фаъол дар татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» дар аксарияти ташкилотҳо чорабиниҳои гуногун доир намуданд. Саҳми бонувон дар сатҳи баланд баргузории ҷашнҳои миллӣ – Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модарон, Рӯзи оила, Рӯзи байналмилалии кӯдакон, солгарди ҷашни ваҳдати миллӣ, Иди касбии табибону омӯзгорон, ҷашни забон ва Рӯзи парчами миллӣ хеле калон аст.

Қурбонова Очаой, раиси шӯрои занони ташкилоти ибтидоии «Тути калон» барои боз ҳам босамар фаъолият бурдани кори Шӯро ва нақши бонувон дар ҷомеа таклиф ба миён овард, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти марзу бум, дар тафаккури ҷавонписарон бедор намудани эҳсоси ватандорӣ бештар дар маҳаллаҳо корбарӣ шавад.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни баромади хеш аз нақши муассири занон дар ҷомеа сухан ронда, гуфт, ки бояд занон дар пайравӣ ба иқдомҳо созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар миёни омма бошанд, аз мушкиливу муаммоҳои оилаҳои ниёзманд бохабар бошанд. Дастҷамъона аз рӯзгори нотавонон, шахсони барҷомонда, ятимону  шахсони яккаву танҳо огаҳ бошанд.

Бо тасдиқи нақшаи кори Шӯро барои соли 2020 ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳайати Шӯрои фаъолзанон ҷаласа ба кори худ хотима бахшид.