Дар маҷлисгоҳи Гимназияи рақами яки ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҳисоботии кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол”-и назди маҳаллаи Масчиди Савр доир гардид. Дар кори ҷаласа раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.

Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот, рекламенти корӣ ба муҳокимаи рӯзномаи кори ҷаласа оғоз карданд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” аз фаъолияти яксолинаи ташкилоти мазкур ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки дар давоми сол 400 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб қабул гардида, теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ ба 67 адад расонида шуд. Дар маҷмуъ имрӯз сафи ҳизбиён дар кумитаи иҷроия 2912 нафар буда, аз ин шумор 2702 нафарро занон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон қайд шуд, ки саҳми ҳизбиёни ташкилот дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии ҳудуди шаҳр хеле калон аст.Онҳо таблиғгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб мешаванд. Ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ саривақт ҷаласаҳои ҳисоботӣ, хонишҳои сиёсиро доир намуда, дар низоми ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти аъзоҳаққӣ фаъолнокӣ зоҳир менамоянд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ба номи Домулло Азизов Орифҷон Умаров ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроияи шаҳрӣ Рустамҷон Рустамов зимни музокира баён доштанд, ки мавқеи ҳизб дар ҷомеа сол то сол боло рафта, сокинон бо амри дил ба сафи он пайваст мешаванд. Ин нерӯи муқтадир дар татбиқи сиёсати  хирадмандонаи Сарвари давлат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии миллӣ саҳми ногузир дорад. Маҳз таваҷҷуҳи хоссаи Раиси муаззами ҲХДТ буд, ки дар фазои сиёсиву ҷамъиятӣ Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” зуҳур намуда, имрӯз фаъолияти бобарор дорад.

Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар баён шуд, ки саҳми ҳизбиёни ташкилот барои дар сатҳи баланд доир шудани маъракаҳои муҳими сиёсӣ, пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии КОВИД – 19 хеле калон аст. Дар ҳамаи 59 участкаҳои интихоботӣ аъзои фаъоли ташкилот барои ташаккули тарзи ҳаёти солим заҳматҳои зиёд кашиданд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси КИВ ҲХДТ зимни маърӯзаи пурмӯҳтавои худ миннатдории кулли аъзоёни ҳизбро барои фаъолияти самарабахши ташкилоти мазкур ироа дошта, баён намуд, ки дар замони муосир мавқеи илму дониш рӯз аз рӯз болотар рафта, он ба рушди бомароми давлат ва зиндагии босаодати халқу миллатҳо мусоидат мекунад. Зеро тавоноии давлат ва миллатро маҳз сатҳи донишу маърифати онҳо муайян мекунад.  Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорон чун раҳнамо ва пештози ҷомеа дар ҳама давру замон рисолати касбии худро бо амри виҷдон софдилона ба ҷо оварда, ҳамзамон дар пешрафт ва шукуфоии давлат саҳми мондагор мегузоранд.

- Мо аз  дастовардҳои маорифчиёни шаҳри Хуҷанд огоҳии комил дорем. Ширкати фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, долимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва сазовори 18 ҷои ифтихорӣ гаридани хонандагони шаҳр, ғолибият дар озмунҳои фосилавии Олимпиадаи байналмилалии Дониш “АНТАЛИЯ-2020”, Олимпиадаи Таиланд “Math Challenge-2020» ва “Муаллими соли Тоҷикистон” гардидани омӯзгори Литсейи рақами 1 Дилафрӯз Каримова худ бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошад.ғ гуфт дар анҷоми маърӯза Исмоилзода Зуфар Муртазохон.

Дар идомаи кори ҷаласа обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” натиҷагирӣ шуда, ҳамзамон аз рафти муқоисакунии аъзоён сухан рафт.

Ҳамзамон дар рафти ҷаласа Ҳамроҳ Атаева аз вазифаи муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоӣ озод ва Матлуба Ҳакимова ба ҷои ӯ муовини раис интихоб шуд.

Барои фаъолияти бенуқсони доманадор ба Ҳамроҳ Атаева Сипоснома ва тӯҳфаи хотиравии кумиҷроияи вилоятӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Дар фуроварди кори ҷасала ба чанд аъзои нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Бо тасдиқи қарорҳои дахлдор ҷаласа ба кори худ анҷом бахшид.