Рӯзи гузашта  дар барномаи “Назаре ба оина” сардори зершуъбаи корҳои сиёсӣ –тарбиявии қисми ҳарбии 35-01 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Нурзод Маҳбуб Мелс, подполковник-корманди комиссирити ҳарбии вилояти Суғд Наимзода Фарриддун Наим, лейтенанти калони сардори қисми махфии 35-01 Усмонова Мағруба,  сарбозони Ватан, модарони афсарон, ҷавонон, фаъолон ва аъзоёни ҲХДТ  ширкат варзидаанд.  Сардори зершуъбаи корҳои сиёсӣ –тарбиявии қисми ҳарбии 35-01 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон майор Нурзод Маҳбуб Мелс, оид ба хизмат ба Ватан  сухан намуда иброз намуд, барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Ҳимояи Ватан -вазифаи муқаддаси хар яки мо мебошад. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари ба нангу номусро талаб мекунад.

Подполковник-корманди комиссирити ҳарбии вилояти Суғд Наимзода Фарриддун Наим дар барномаи “Назаре ба оина” қайд намуд, ки бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.

Дар сухани хеш лейтенанти калони сардори қисми махфии 35-01 усмонова Мағруба,  қайд намуд, ки Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонони бонангу номуси меҳан, мардонагӣ, мактаби далериву зиракӣ, мактаби шуҷоатмандӣ хизмати пуршарафона мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонон шуҷоатмандиву мардонагӣ, далериву зиракӣ ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватанро меомўзанд.

Сарбозоне, ки ихтиёран адои хизмат намуданд дар барнома сухан карда қайд намуданд, ки  имрузҳо бештари ҷавонон барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар комиссариатҳои ҳарби номнавис мекунанд.  Шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад.