Раванди расидан ба сулҳи фарогир дар Тоҷикистон, ки хоҳиши деринаи мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии созандаи мамлакат барои хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷустуҷӯи ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб мерафт, дар ҷараёни кори иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд оғоз гардида, то 27 июни соли 1997 идома ёфт, зеро баъди баргузории ин иҷлосияи тақдирсоз низ ҳанӯз вазъи сиёсии ҷумҳурӣ пурра ором нагардида буд. Қувваҳое мавҷуд буданд, ки ба кассе итоат намекарданд. Агар баъзеи ин қувваҳои сияҳкор худро ҷонибдори мухолифин меномиданд, баъзеи дигар барои бадном кардани ҳукумат даст ба ҷинояту ғоратгарӣ мезаданд.

Дар солҳое, ки фазои сиёсии ҷумҳурии азизи мо ноором буд, чунин қувваҳо даст ба ҷиноятҳои зиёд заданд, вале ягон нафари онҳо ба нияти нопоки худ нарасида, оқибат подоши амали худро диданд.

Маҳз ба хотири расидан ба сулҳи фарогир ва ба даст омадани оромию осоиштагии комил дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи музокироти байни тоҷиконро пеш гирифт, ки ин музокирот бо мусоидати бевоситаи СММ ва кишварҳои хайрхоҳ баргузор гардид ва аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 идома ёфт. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва Иттиҳоди рерӯҳои мухолифин, се машварати байниҳамдигарии ҷонибҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Иттиҳоди мухолифин баргузор гардид. Дар ҷараёни музокирот 9 санади асоси қабул шуд, ки ин санадҳо барои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Ниҳоят, дар рӯзи барои мардуми Тоҷикистон басо таърихию тақдирсозӣ 27 - уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ҳуҷҷати сарнавиштсозӣ«Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Ба имзо расидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар ҷомеаи мо натанҳо сулҳу оштии миллиро таъмин намуд, балки ба пешрафту тараққиёти ҳамаҷонибаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард, зеро бидуни сулҳу оромӣ пешрафту тараққиёт имконнопазир аст.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфахмиву покзинату миллатдӯст будан буда, он бехтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон дар хар замину замон аст. Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон чонибдории мамлакатхои хамзамони бурунмарзӣ мавкеву мақоми онро дар миқёси чахон овозадор менамояд. Имруз иттифок ва хамдилии халки точик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттахид ва бисер ташкилотхои олам гардидаасг. Танхо бо рохи вахдат, якдигарфахмӣ истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба бехбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт рӯй меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Хар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба хосил медиҳад. Аммо нихоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, чомеаи мо аз он бахравар гардид, мо харгиз рох, намедихем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президенти муаззамамон ба сулху вахдат ташбех додаанд, имрузхо мевахои ширину бисере ба самар оварда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Точикистон, сохтмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хоричи кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт. Рохи охани Кургонтеппа – Кӯлоб сохтмони шохрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба сӯйи уқёнуси чахон, роххои калонтарини хушкигард расонид. Ин ахвол боиси эхёи арзишхои миллии «Рохи бузурги Абрешим» гардид, ки Тоҷикистонро бо калонтарин давлатхои чахон мепайвандад.

Дар воқеъ Вахдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулху амонӣ ва дустӣ хукмфармост, он давлат руз то руз гул-гул мешукуфад, иктисодиёташ тадриҷан меафзояд, хам аз чихати сиёсӣ ва хам аз чихати фархангӣ пеш меравад.    

Махз бо кушишхои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллатипарешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чехраи хар фарзанди точик нишоту хурсанди ва вахдату сулҳ падидор аст.

Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулху вахдати кишвари азизам имруз меболем ва бо ифтихор метавонам гӯем, ки пояи сулху осоиштагӣ дар ин сарзамини хамешабахор ба хадди бузург мустахкам гаштааст, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшид ва такягох аст.

Бояд хотиррасон намуд, ки ҳар сол мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» -ро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

 

 

Исоев Эҳсонҷон Маҳмудҷонович

Мудири шуъбаи умумӣ ва назорати

КИ ҲХДТ дар ш.Хуҷанд