Бахшида ба 20- солагии р=зи Ваьдати миллц дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарварону масъулони муассисаҳои олии кишвар,  олимону коршиносони соҳа, кормандони бонку ширкатҳои мобилӣ конференсияи дуюми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он  дар мамлакатҳои  тараққикардаистода» доир гардид.

Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба таълим чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 5-ноябри соли 2011 зимни баргузории як ҷаласа ба масъулин дастур дода буданд, ки барои ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ дар раванди фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои муассир андешанд. 

Донишкадаи политехникӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар пайравии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои пеш бурдани соҳаи илмҳои дақиқ ва технологияи иттилоотӣ ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.

Хуршед Мақсудов дар мавзӯи “Ҷорикунии элеметҳои Ҳукумати электронӣ дар донишкадаи политехникӣ” ва “Модели консептуалии Web- замимаи НИС барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” гузориши таҳлилӣ намуда, афзуд, ки раванди ҷоришавии ҳукумати электронӣ дар донишкада дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Аввалин шуда дар Осиёи Марказӣ маҳз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии системаи бисёрфунксионалии идоракунии мактаби олӣ коркард шудааст. Системаи мазкур дар шабакаи ягонаи компуторӣ амал карда, ҳамаи биноҳо, воҳидҳои маъмурӣ ва таълимии сохториро, ки дар қисмҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд, муттаҳид месозад. Тамоми ҷанбаҳои раванди таълимии донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандон ба воситаи интерфейс дар система ба амал оварда мешаванд. Он чунин вазифаҳоро ҳамчун ҷадвали дарсии электронии автоматикикунонидашуда; ба ҳисобгирӣ, назорат ва мониторинги гузаронидани дарсҳо, давомоти донишҷӯён, дастовардҳои  онҳо дар таҳсил, муайян ва назорат аз болои иҷроиши сарборӣ аз ҷониби омӯзгорон; автоматикӣ муайян намудани моҳона  дар асоси натиҷаҳои иҷроиши сарборӣ;  ташкил ва назорат аз болои ташрифоварии устодон ба дарсҳои ҳамдигар; воридкунӣ, назорат ва паҳн намудани маводҳои санҷишӣ ва маҷмӯаҳои таълимӣ-методиҳои фанҳо; ташкил ва мониторинги гузаронидани имтиҳонҳои маъмурӣ ва иҷроиши лоиҳаҳои дипломӣ, китобхонаи рақамӣ; феҳристи захираҳои китобхонаи рақамӣ ва оддӣ ва хизматрасонии абонентии китобхона иҷро менамояд.

Доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Усмонов тариқи видеоонлайн дар мавзӯи “Дастовардҳои асосӣ ва рушди мактаби илмии лингвистикаи ҳисобӣ дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон” баромад намуда, нақши устодони донишкадаро дар ташаккули лингвистикаи тоҷик дар забони компютерӣ нек арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид дошт, ки сазовор шудани ду устоди донишкада номзадони илмҳои физика ва математика  - Одилхӯҷа Солиев ва Хуршед Худойбердиев ба ҷоизаи Академияи илмҳои кишвар ба номи Султон Умаров  барои хизмати шоиста дар ҷодаи технологияи иттилотӣ худ бозгӯи он аст, ки донишкада дар ҷоришавии ҳукумати электронӣ қадамҳои устувор мегузорад. Мавсуф таъсиси сомонаи махсусро барои мактабиён вобаста ба лингвистикаи компютерӣ амри зарурӣ шуморида, ҳамчунин дар ояндаи наздик дар назди донишкада кушода шудани шӯрои ҳимояи дисертпатсиониро аз фанни технологияи иттилоттӣ ҳатмӣ бар фоидаи кор донист.

Декани факултети информатика ва энергетика Одилхӯҷа Солиев дар мавзӯи “Сертификати имзои рақамӣ ва таркиби он дар Ҳукумати электронӣ”, мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ Хуршед Худойбердиев дар мавзӯи “Коркарди тезауруси лингвистикаи забони тоҷикӣ” ва мудири шӯъбаи системаи идоракунии иттилоотии донишкада Парвиз Солиев дар мавзӯи “Механизми бақайдгирӣ ва назорати вақти кории ҳайати кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ёрии технолгияҳои иттилоотӣ” гузоришҳои илмӣ намуданд.

Дар бахши дуюми кори конеренсия методҳо, алгоритмҳо ва таъминоти барномавӣ дар лингвистикаи компютерӣ, масъалаҳои моделҳои математикӣ; коркарди маълумот; тафтиши автоматикии имло ва грамматика; тарҷумони автоматӣ; коркарди матнҳо; коркарди овоз; шинохтани овоз; идораи мазмуни матн; тезаурус; луғатҳои электронӣ; ҷустуҷӯи маълумот; идораи дониш аз ҷониби устодони донишкада муаррифӣ ва натиҷабардорӣ шудаанд.

Бо ҳамин кори конференсия анҷом ёфт.