Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки кулли сокинонаш аз азал инсонпарвару мардумдӯстанд ва ҳамдигарро ба накӯкорӣ даъват менамоянд, парастории маъюбон ва пирони барҷомонда амали муқаррарист. Ин масъала дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ин қабил ашхос дар паноҳи давлатанд ва кафолати зиндагии муносиби онҳоро давлату ҳукумат бар дӯш доранд.

Онҳо ҳама вақт дастгирии давлату ҳукуматро эҳсос мекунанд, аз ғамхориҳо ҳамеша бархурдоранд. Мунтазам изофа кардани нафақапулии маъюбону пиронсолон, ҷорӣ кардани имтиёзҳо, аёдати ин қабил ашхос дар рӯзҳои иду айём инҳоанд номгӯи нопурраи тадбирҳое, ки ҳукумат ҳамеша барои дастгирии моддию маънавии маъюбону пиронсолон раво мебинад, коре мекунад, ки норасоиҳои муваққатии зиндагиро пирону маъюбон ҳарчӣ камтар эҳсос намоянд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар пайравӣ ба ташаббусу эҳсони Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба пирону барҷомондагон, ашхоси бо онҳо баробаримтиёз, одамони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва албатта маъюбон пайваста ғамхорӣ зоҳир мекунад, дастгирии моддию маънавии онҳоро қарзи муқаддаси худ медонад.

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Иҷлосияи ХY1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 25-солагии таъсиссёби ҲХДТ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» тибқи нақша чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар ифтитоҳи он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад намуда, ҳамаи бошандагони муассисаро ба муносибати ҷашнҳои муҳим самимона табрику муборакбод намуд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ санъаткорони ҷавон, аъзоёни фаъоли ҲХДТ сурудхонӣ намуда, хотири бошандагони хонаи пиронсолонро шод намуданд.