Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи босамару ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа таҳти унвони «Мо бо шумоем» озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз намуд. Дар иртибот ба баргузории ин озмун нимаи дуюми рӯзи гузашта дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 34 нафар наврасони имконияташон маҳдуд озмун дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.
Зимни мушоҳидаҳо аён гардид, ки наврасон новобаста аз имконияти маҳдуди худ маҳорати баланди шеърдонӣ, сурудхонӣ, навохтани асбобҳои мусиқиро доштаанд.
Ҳамин тавр дар номнатсияи “Суханварӣ ва қироати шеър” ҷойи аввалро Назокат Латипова, мақомҳои дуюму сеюмро Аъзамҷон Холмуродов ва Мирзоумар Мирзоҷонов соҳиб гардид. Дар нгоминатсияи “Маҳорати сурудхонӣ” ҷойи аввал насиби Далерҷон Ғаффоров гардида, зинаҳои баъдиро Сарвиноз Масобирова, Муҳаммадҷон Бойназаров ва Баҳоваддин Абдуғаниев соҳиб шуданд. Дар номинатсияи “Маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ” ғолибият насиби Шерзод Ҳасанов гардида, Мубориз Боймуротов зинаи баъдиро ишғол намуд.
Дар расми пӯшидашавии чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Маликисломӣ Наим Мунаввар иқдоми роҳандозинамудаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизбро дар соли таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуда, баён доштанд, ки дар сиёсати давлатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятмону барҷомондагон, шахсони имконияташон маҳдуд ҷойгоҳи хосса дорад.