Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 -и шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгорон ва аҳли маҳаллаи Мевагул мулоқот ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.

Чорабиниро директори муассиса Инъом Султонӣ ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки Паём ба сифати дастури раҳнамоӣ имрӯз дар ҳама қишрҳои ҷомеа ташвиқу тарғиб мегардад.

Дар баромади сармуҳаррири нашрияи “Шафақ”-и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдусабур Абдуваҳҳобов зикр шуд, ки иҷро шудани Барномаи пешазинтихоботии Президенти Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодӣ дар 7 соли сипаригардида, рушди ҳамасолаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ба андозаи 7,5 %, сохтмони ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ дар зарфи 7 сол, бунёди инфрасохтори  сайёҳӣ, бунёди ҳазорҳо километр роҳ ва пулу нақбҳо, кам шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ, бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, муштарак ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ дар тамоми фаслҳои сол ва сиёсати дурусту санҷидашудаи муваффақи хориҷии мамлакат ҳамчун далелҳои раднопазири сиёсати хирадмандонаю созанда ва  бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф мегарданд.

Ҳамчунин рӯ ба асолати миллӣ ниҳодан, хондани асарҳои бадеӣ, огоҳии ёфтан аз гузаштаи пурғановати худ, тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонандон то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз нуктаҳои меҳварии Паёми Сарвари давлат маҳсуб мешаванд, ки гумон мекунем омӯзиши Паём бар манфиати кор аст.

Дар фарҷоми чорабинӣ сокинон бо руҳбаландии бузург омодагии худро барои омӯзиши бандҳои Паём изҳор доштанд.