Рӯзи гузашта бо мақсади аёдати нафарони яккаву танҳо, пирони барҷомонда ва имконияташон маҳдуд дар доираи таҷлили Иди саиди Қурбон  тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия Эҳсон Исоев якҷоя  бо намояндагони ҶДММ “Роҳи Сомон Нафт”  ва ташкилоти ибтидоии муассиса аз якчанд нафар оилаҳо дидан намуданд. Дар мулоқотҳо таъкид шуд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса ҲХДТ ҳамеша такягоҳи халқ буда, онҳоро давр ҳама ҳолат дастгир ва мутакко мешавад. Аёдатшудагон дар ҳаққи давлат ва Ҳукумат даст бар дуо бардоштанд.