Гурӯҳҳои ташаббускор иборат аз аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон, ташкилии кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ  ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят тарғиботу ташвиқотро ин дафъа дар майдони регистони бозори марказии вилоят “Панҷшанбе” вобаста ба пешгирии бемории сироятии КОВИД - 19 ва талқини фарҳанги истифодаи босамари нерӯи барқ идома доданд.

Зимни суҳбатҳо бо харидорону фурӯшандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат гирифта, ба онҳо зарурати пӯшидани ниқобҳои ҳимоятӣ гуфта шуд. Таъкид гардид, ки мубориза ба ин бемории ҳамагир дар кишварҳои пешрафта мушкилии рақами як маҳсуб шуда, теъдоди сироятёфтагон ба ҷои коҳиш ёфтан рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст. Дар ҷумҳурии мо бошад бо таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати кишвар, садоқатмандӣ ва вафопешагии пизишкон  хатари сироятёбӣ коҳиш ёфтааст. Аммо ангезаи сироятёбӣ ҳанӯз ҳам ҷо  дорад. Аз ин хотир риояи талаботи санитарию гигиенӣ бар манфиати кор аст.

Ҳамзамон зини мулоқотҳо истифодаи босамари нерӯи барқ гуфта шуд. Баён гардид, ки агар мо нерӯи барқро сарфакорона истифода барем, кафолати ба пуррагӣ гирифтани барқро таъмин мекунем. Зеро захираи оби барқистеҳсолмешуда дар нерӯгоҳи “Норак” то мавсими гармо дар сурате басандагӣ мекунад, ки мо онро сарфакорона истифода барем.

Дар идомаи корҳои тарғиботӣ ба аҳолӣ ниқобҳо ройгон ва варақаҳо тақсим карда шуд.