Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкори бо филиали Амонатбонки №24 - и шаҳри Хуҷанд дар остонаи таҷлили соли нави мелодӣ аксия доир гардид. Ин чорабинии муҳташам дар шафати майдони “Ситораҳои Хуҷанд” назди арчаи солинавӣ баргузор гардида давоми якчанд рӯз сокинону меҳмонони зиёдро фаро гирифт. Дар аксияи мазкур кормандони кумиҷроияи шаҳрӣ ва кормандони “Амонатбонк” ба аҳолӣ оид ба зарурияти гирифтани ваксина, риояи талаботҳои санитариву гигиени сухан гуфта такид доштанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои нави сироятёби ба вируси COVID - 19 ба ташфиш овардааст ва ягона роҳи наҷот ёфтан аз бемории ҳамагир ин гирифтани ваксина аст.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи саломатии мардум вояҳоро ройгон ба мардум гузаронида истодаанд. Ҳамчунин дар рафти акисия дастовардҳои даврони Истиқлол, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташакулёбии маънавиёт сухан рафта сокинон ва меҳмонон бо соли нави мелодӣ тариқи варақаҳои шодбошӣ табрик карда шуд. Аз ҷониби кормандони бонк ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд варақаҳои итиллооти бо номи иқдоми "Орзуҳои солинавӣ" тақсим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз гузаронидани ин аксия пешгирӣ намудани аҳолӣ аз бемории сироятӣ ва гирифтани ваксина, ҳамзамон тахфифҳои калон дар мавриди гирифтани қарзҳо аз “Амонатбонк” мебошад.