Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни муҳиму муқаддас, 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон чорабинии адабиву фарҳангӣ доир гардид. Зикр шуд, ки  сӣ соли соҳибистиқлолӣ давраи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ,  ҳадафҳои стратегӣ ва омили иттиҳоду сарҷамъӣ маҳсуб меёбад.  Бо ин шарофат зиндагии шоиста ва ояндаи неку осоишта насибамон гардид, ки ин падида шоистаи арҷгузорист, қайд намуд ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода илова шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва  заҳмати садоқатмандонаи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандону донишҷӯён донишгоҳ ба таъмини дурнамои устувор ва муназзами пешрафту инкишоф муваффақ гардид.

Сипас, як зумра кормандону аъзоёни фаъоли ҲХДТ, барои фаъолияти пурсамар дар ҷодаи таълиму тарбия, фаъолияти илмию тадқиқотӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, инчунин ғолибони озмунҳои донишгоҳиву мусобиқаҳои варзишӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва туҳфаҳои хотиравиву маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.

Барномаи фарҳангии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ ва ватандӯстӣ буд, ба чорабинии идона ҳусни анҷом бахшид.