Бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии Маркази хун, Судэкспертизаи судию тиббӣ, Маркази равонпизишкӣ ва Маркази дилшиносии вилояти Суғд шинос шуд.

Ташкилотҳои ибтидоии зикршуда дорои утоқи кории алоҳида буда, дар он гӯшаҳои вобаста ба фаъолияти ҳизб овехта шудааст. Инчунин, ҷевонҳо барои ҷо ба ҷо гузоштани ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавҷуд аст.

Зимни санҷиш вазъи пардохти ҳаққи узвият, ба низом даровардани ҳуҷҷатҳо ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, маслиҳатҳои муфид дода шуд.