Бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун дар мактаби санъати №2 ба номи Боймуҳаммад Ниёзов мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо омӯзгорону хонандагон доир гардид.

         Раиси кумиҷроия дар баромади худ қайд намуд, ки мо баъди ифтитоҳи НБО Роғун ба чунин натиҷа расидем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ, ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.

         Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се вазифаи стратегӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ матраҳ гашт. Имрўз босарбаландӣ гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.