Бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб дар байни наврасону ҷавонон даъвати онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва баррасии дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Фурӯзон” дар назди Филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси васеъ доир гардид, ки дар он аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов ва мудири шуъбаи занони кумиҷроия Дилрабо Қурбонова иштирок намуданд.

Дар маҷлиси мазкур намояндагони кумиҷроия доир ба масъалаҳои доѓи рӯз аз қабили ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ҳуқуқвайронкунии ҷавонону наврасон суханронӣ намуда, ҳамчунин барои сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки саҳми худро гузоранд ва дар ин ҷода бетараф набошанд.

Инчунин, дар ҷаласа ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ доир ба фаъолияти корӣ шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.