Бо  камоли  эҳтиром  ва самимияти  афзун  Шуморо  бо фарорасии ҷашни Соли нави мелодии  2020, ки  ба дилҳо  як  ҷаҳон  шодиву нишот  мебахшад,  аз  номи Кумитаи иҷроияии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  cамимона   табрику   муборакбод  менамоям. 

Cоле,  ки  онро  дар китоби  таърихи  халқамон  номнавис  менамоем, барои  мардуми  шарифи тоҷик, хосса барои ҳизбиён cоли  пур аз  воқеаҳои  наҷиб,  рӯйдодҳои  таърихӣ ва фаромӯшнашаванда буд. Зеро бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» мавриди истифода қарор гирифта, дар қатори  ҳалқи шарифи  кишвар  аъзоён ва ҷонибдорони  ҲХДТ бо дастовардҳои азими меҳнатӣ 25 – солагии қабули Конститутсияи  мамлакат  ва 25 – солагии  таъсисёбии  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистонро  таҷлил  намуданд.

Cоле,  ки   мо  бо  дилҳои  хуррам  ва  пур  аз  умеду   орзу онро  истиқбол  мегирем,  бигзор   соли  иҷрои   рисолати  наҷиб  ва  татбиқи  нақшаву  ниятҳои   созанда   гардад.

Дар ин рӯзҳои  пурнишот  ба  Шумо умри комрон, тани  сиҳат,  хотири  ҷамъ, осудагӣ, ривоҷи кору сарбаландӣ  ва  ҳама хушиҳои  рӯзгорро  орзу  дорем

 

Соли нави мелодӣ муборак!