Имрӯз 10 октябри соли 2016 тибқи нақшаи корӣ куратори мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Махсудҷон Абдуғафуров аз ташкилоти ибтидоии «Маркази хун» дидан намуд.

Айни замон дар ташкилоти ибтидоии «Маркази хун» 32  нафар аъзоёни ҲХДТ ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо тибқи банди 3.4 Оинномаи ҳизб саривақт ба Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ҳаққи узвиятро пардохт менамоянд ва дар баргузории ҳамагуна чорабиниҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Бояд ёдовар шуд, ки ташкилоти ибтидоиимазкур дорои утоқи кории алоҳида буда, дар он гӯшаҳои вобаста ба фаъолияти ҳизб овехта шудааст. Инчунин ҷевон барои нигоҳдории  ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавҷуд буда, ҳуҷҷатҳо низ тибқи феҳраст дуруст ба роҳ гузошта шудаанд.