Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 30 апрели соли 2021, рақами 7 "Дар бораи гузаронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ" ва барқияи Кумиҷроияи вилоятии ҳизб имрӯз дар ташкилоти ибтидоии "Умедбахш", ки дар он ҳизбиёни Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд сарҷамъ шуданд, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ва раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар баргузор гардид.
Дар маҷлис ахбороти муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти корӣ шунида шуд.
Тибқи рузномаи маҷлис аз ҷониби аъзоёни ҳизб раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардид.
Муовини раиси кумиҷроияи вилоятӣ ва раиси кумиҷроияи шаҳрӣ доир ба фаъолияти корӣ, иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҳизб ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин оид ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва самараи неки ҳамкориҳои ду давлати ба ҳам дӯст гуфтугузор шуд.