Тибқи нақшаи Ситоди пешазинтихобтии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои дар сатҳи баланд ва шаффоф гузаронидани интихоботи номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ҳаматарафа омодагиҳо ба роҳ монда шуда, фаъолияти онҳо таҳти назорат қарор дода шавад.

Аз ин лиҳоз, тибқи нақшаи кории КИМ ҲХДТ муовини Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода аз утоқҳои кории Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дидан намуданд. Санҷиш нишон дод, ки ҳуҷҷатгузории Кумиҷроияи вилоятӣ ва кумиҷрояи шаҳри Хуҷанд тибқи талабот ба роҳ монда шудааст. Шиору овезаҳо бозгӯи он буданд, ки кумиҷроияҳои мазкур ба интихобот тайёрии хуб дида, баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани он кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

Муовини Раиси КИМ ҲХДТ Асрор Латифзода ба ҳуҷҷатгузориву дигар самтҳои омодагиҳо ба интихобот дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мақсадноку хуб баҳогузорӣ карда, ба кори минбаъдаи кумиҷроияҳои мазкур барору тавфиқ хост.