Дар арафаи таҷлили 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Малинина Рабига Измайловна ва Аҳрулло Саидов, ки ҳарду сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд, аёдат карда, ба онҳо кумакпулӣ ва маводҳои хӯрока дастрас намуд.

Воқеан ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд.