Меҳру муҳаббат, некиву накукорӣ, дасти мадад дароз намудан ба ниёзмандон аз мавзӯъҳое хастанд, ҷовидонӣ. Дар ҳаққи мардум накӯӣ кардан ва саховатпеша будан ба эшон бояд рисолати ҳамешагии мо - Инсонҳо бояд бошад, зеро ҳар кас, ки ин хислатҳоро дорост, назди мардум азиз аст. Мавриди зикр аст, ки ин масоил ҳамешагӣ дар сархати баромадхои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба андешаи Президенти кишвар,Ҷаноби Олӣ меҳру муҳаббат кафшери зиндагист, ки инсонҳоро ба ҳам меорад, муттаҳид месозад, яъне асоси сулх, амният, субот, созандагиву ободкорӣ, зиндагии босаодат мехр буду ҳаст ва дар оянда низ хохад монд. Меҳр ва меҳрубонӣ равшанкунандаи дилҳову манзилхост, гарму нарм, зиёбахши нури дидаҳост. Феълан аксияи «Нури маърифат», ки бо иқдом ва ташаббусҳои инсондустонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ -  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад, дар кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд пайгирона амалӣ мегардад. «Шукронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, шукронаи истиқлолият ва бахту саодати бегазанд дорам,-мегӯяд модари хонандаи синфи дувуми МТМУ рақами 17, шаҳри Хуҷанд Заррина Кобилова, - ҳама комёбиву пирузиҳоро аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонам. Аз он меболаму мефахрам, ки бо нидои дили мо  - модарон эшон ҳамовоз хастанд. Моро дар хама холат, дар хама маврид пуштибонӣ намуда, ғамхорихои падарона бароямон арзонӣ медоранд. Имсол низ фарзанди ман - Қобилов Анушервон аз меҳрубонихои Ҳукумат бебаҳра намонд. Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шахри Хуҷанд бо ашёҳои хониш таъмин намуд. Камина, ки холо бо сабаби беморӣ дар ҳеч чой фаъолият намебарам, аз меҳру накӯй нисбати ман ва оилаам аз эшон сипосгузорам!»