Бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумӯи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Оила бо ибтикори шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар толори хурди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши ҷомеа дар пойдории оила» баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Истиқлол» Ҳамрохон Атаева ширкат варзида фикру андешаҳои худро баён доштанд.

Дар мизи мудаввар баромадчиён дар мавзӯҳои «Бекоршавии ақди никоҳ ва роҳҳои пешгирии он», «Нақши оила дар тарбияи фарзанд», «Рукнҳои пойдории оила», «Пойдории оила аз нуқтаи назари Ислом» маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.