Мавсими нави даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, аллакай дар баъзе аз манотиқи кишвар нақшаи даъват ба иҷро раасид.  Қобили зикр аст, ки сол то сол ифтихори миллии ҷавонписарон боло рафта, аксаран бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ мераванд. Дар ин росто баргузор шудани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар ҳамбастагии муассисаҳои таълимӣ бевосита дар қисмҳои низомӣ, аёдати волидон аз рафти хизмати фарзандон, силсилаи барномаҳои телевизионӣ барои самаранок бурдани маъракаи даъват мусоидат намуда истодааст.

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз  ҷумла мудирони шуъбаҳои  кор бо занон ва ҷавонон Заррина Манонова ва Олимҷон Норматов силсилаи вохӯриҳо дар маҳаллаҳо бевосита бо волидайни сарбозон доир шуда истодааст. Зимни мулоқотҳо аз дастгирии давлаит ва Ҳукумати кишвар дар самти рушди миллӣ, сол аз сол беҳтар шудани шароити хизмати аксарон ва муҳимтар аз ҳама дар фазои озоду ободи кишвар хизмат кардани ҷавонписарон  фаҳмонида шуд. Таъкид гардид, ки ҳимояи марзу буми давлат вазифаи имонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки ҷавони бонангу ор буда, бояд дар ин ҷода волидон роҳнамо ва дастгири фарзандон бошанд.


Маркази иттилоот ва таҳлили
КИ
ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд