Ба ифтихори 22- умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки беҳтарин эҷодкорон ва мусаввиронро сазовор қадршиносӣ намояд. Ба ин хотир озмуни иншо ва расми беҳтарин эълон гардида, низомнома, шартҳои озмун ва ҳайати ҳакамон тасдиқ гардиданд. Давоми беш аз 15 рӯз ба унвонии ҳайати кумитаи тадорукот шумораи зиёди иштирокчиён бо иншову расмҳои беҳтарин муроҷиат карданд.

Субҳи имрӯз ҷаласаи кумитаи тадорукоти озмун баргузор гардида, вазифаҳои ҳакамон муайяну мушаххас гардид. Давоми рӯз ва  рӯзи дигар аз рӯи баҳодиҳии ҳакамон ғолибон муайян хоҳанд шуд.  Беҳтаринҳо дар остонаи ҷашни Рӯзи ваҳдат бо ифтихорномаю тӯҳфаи пулӣ қадршиносӣ хоҳанд шуд.