Рӯзи гузашта дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Тути Калон» - и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба муносибати таъсисёбии рӯзи Артиши миллӣ бо бошандагони кумитаи маҳаллаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия нишастро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ҳамасола моҳи феврал тибқи супоришу дастурҳои маънавиасоси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриву мулоқотҳои афсарони Артиши миллӣ бо ҷавонони саодатманд дар ташкилотҳои ибтидоии кумитаи маҳаллаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, ки ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳарбӣ – ватандӯстӣ, омодагии ҳамешагӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвари азиз маҳсуб меёбад.

Сипас,  сардори зершӯъбаи сиёсӣ - тарбиявии  қисми ҳарбии 3501 – и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон капитан Нурзод Маҳбуб дар мавзӯи «Нақши артиши миллӣ дар тарбияи ҷавонони кишвар» маърӯза намуд.

Ҳамзамон дар ин чорабинӣ 3 нафар аз сарбозони қисми ҳарбии 3501 – и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида аз ҳаёти сарбозии хеш хотираҳои воқеӣ маълумот доданд ва ҷавононро ба хизмати Модар – Ватан даъват намуданд.

Бо сухани ҷамъбастӣ Раиси ташкилоти ибтидоии кумитаи маҳаллаи «Тути Калон» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуалц Алиев баромад намуда, ба чорабинӣ ҳусни хотима бахшиданд.