Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи соли нави мелодӣ аз тарафи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиивилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарбозони як қатор қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр аёдат карда шуданд. Аз ҷумла, дар қисми низомии 3501 РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ин мақсад ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Носирхон Акмолов, сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд назди аскарону афсарони қисми низомӣ суханронӣ намуд ва аз хизмати онҳо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ёдоварӣ кард. Номбурда ҳамзамон табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳайати қисми низомӣ расонд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодӣ таҳният гуфт. Полковник Насриддин Умарзода, қумондони қисми ҳарбии 3501 миннатдории ҳайати қисми низомиро ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд расонида, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ арзи сипос намуд. Сипас ба сарбозони қисми ҳарбӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Худи ҳамон рӯз ба аскарон ва афсарони қисми ҳарбӣ дастархони идона густурда шуд ва аҳли фарҳанги шаҳр бо сурудҳои ватандӯстона табъи эшонро болида намуданд. Ҷоиз ба таъкид аст, ки аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомот иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз дигар қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр боздид ба амал оварда шуда, онҳо айёдат гардиданд.

 

 

www.khujand.tj